Омӯзиши таҷрибаи хеле тӯлонии татбиқи ҳуқуқи корпартоӣ аз ҷониби мақомоти назоратии Созмони байналмиллалии меҳнат (СБМ) ба хулосаи возеҳ оварда мерасонад, ки ҳуқуқ ба корпартоӣ ҷузъи ҷудонашавандаи низоми ҳуқуқии Созмони Байналмилалии Меҳнат буда, аз ҳуқуқ ба озодии иттиҳодияҳо бармеояд, ки асосан тибқи меъёрҳои Конвенсияҳои No87 ва 98 танзим карда мешавад. Мақомоти назоратӣ ҷанбаҳои мушаххаси татбиқи ҳуқуқ ба корпартоиро баррасӣ намуда, ҳифзи ин ҳуқуқро пеш аз ҳама дар меъёрҳои Конвенсияи №87 мебинад.
Дар равишҳои худ ба ҳуқуқи корпартоӣ, мақомоти назоратии СБМ ба таҷрибаи муқарраршуда дар тафсир ва татбиқи қоидаҳо оид ба озодии иттиҳодияҳо такя мекунад, ки агар аз қарорҳои аввалини Кумита оид ба озодии созмонҳо хулосабарорӣ намоем, ҳоло он таърихи қариб 70-сола дорад, яъне аз ибтидои солҳои 1950-ум, ки он вақт аз ҷониби сохторҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат барои баррасии мунтазами масъалаҳои татбиқи озодии иттиҳодияҳо асос гузошта буданд.
Масалан, Кумита оид ба озодии иттиҳодияҳо дар тӯли солҳои гуногун қарорҳо қабул кардааст, ки дар онҳо муносибати худро ба ҳуқуқи корпартоӣ дар заминаи татбиқи Конвенсияи № 87 баён намудааст. Кумита бевосита аз меъёрҳои Конвенсияи № 87 ҳуқуқ ба корпартоӣ ва ҷанбаҳои гуногуни ин ҳуқуқро, аз ҷумла эълони корпартоӣ аз ҷониби федератсияҳо ва конфедератсияҳои иттифоқҳои касабаро дар як қатор қарорҳои худ ифода намудааст, ва барои эълон кардани корпартой ба ташкилотҳои иттифоқҳои касаба хукуки истисноиро пешниҳод кардааст.
Соли 1998 ҳангоми баррасии шикояти Конфедератсияи иттифоқҳои озоди касабаи Кот-д'Ивуар бар зидди амалҳои ҳукумат, айбдоркунӣ ба ғайр аз дигар ҳолатҳо, аз кор озодкунии оммавиро барои иштирок дар корпартоиҳо дар мегирифт, Кумита “муҳимияти эҳтироми ҳуқуқи корпартоиро, ки ба таври табиӣ аз хукуки созмондиҳӣ бармеояд ва бо мукарраротҳои Конвенсияи № 87 хифз шудаанд» зикр намуд.
Қобили зикр аст, ки дар робита ба ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқи иттифоқҳои касаба дар Юнон, Кумита дар қарорҳои худ дар солҳои 2007 ва 2011 қайд кардааст, ки «ташкилотҳое, ки ба ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва касбии коргарон бахшида шудаанд, бояд барои мустаҳкам намудани мавқеи худ дар ҷустуҷӯи роҳҳои халли проблемахое, ки дар натичаи тамоилхои асосии сиёсати ичтимоию иктисодй ба миён меоянд имконияти истифодабарии корпартоиро дошта бошанд" махсусан дар масъалахои бо кор таъмин кардан, хифзи ичтимой ва сатҳи зиндагӣ, ки бевосита ба манфиатхои аъзоёни ин ташкилотхо ва умуман тамоми мехнаткашон таъсир мерасонад.
Дар баробари ин, чунин ҷанбаъ ба монанди аз кор озод кардани коргарон ҳамчун муҷозот барои иштироки онҳо дар корпартоӣ аз ҷониби Кумита оид ба озодии иттиҳодияҳо дар асоси татбиқи меъёрҳои Конвенсияи No98 ҳамчун поймолшавии ҳуқуқ арзёбӣ мешавад.
Илова бар ин, мо қайд мекунем, ки Кумитаи коршиносон оид ба татбиқи конвенсияҳо ва тавсияҳо, ки таҷрибаи густурдаи баррасии парвандаҳои поймолкунии ҳуқуқи корпартоиро асосан дар заминаи риояшавии меъёрҳои Конвенсияи № 87 доро мебошад, дар баъзе мавридҳо ҳуқуқ ба корпартоиро дар доираи татбиқи Конвенсияи № 105 дар бораи бекор кардани меҳнати маҷбурӣ арзёбӣ намудааст. Гарчанде, дар ин конвенция дар бораи “ҳуқуқ ба корпартоӣ” чизе зикр нагардидааст, гуфта мешавад, ки давлатҳое, ки ин конвенсияро ратификация кардаанд “ӯҳдадоранд, ки меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмиро бекор кунанд ва ягон шакли онро татбиқ нанамоянд”, аз ҷумла “ба сифати воситаи ҷазо барои иштирок корпартоӣ».
Дар заминаи татбиқи Конвенсияи № 105, гузориши Кумитаи коршиносон дар соли 1974 қонунгузории Туркияро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки он дар мавриди истифодаи ҳуқуқ ба корпартоӣ дар баробари маҳдудиятҳо ва мамнӯъиятҳои назаррас, инчунин ҳабс ва корҳои ҳатмиро, ҳамчун ҷазо барои вайрон кардани ин махдудиятхо ва мамнуиятхо пешбинӣ карда буд.
Таҷрибаи дарозмуддати Кумитаи озодии иттиҳодияҳо ва Кумитаи коршиносон оид ба татбиқи конвенсияҳо ва тавсияҳо ба Кумитаи коршиносон имкон дод, ки дар соли 1994 дар шарҳи умумии «Озодии иттиҳодияҳо ва гуфтушунидҳои коллективӣ», ки дар он алоҳида боб ба хукуки корпартой бахшида шуда буд, ба чунин хулоса оянд: «Дар сурати мавҷуд набудани бандҳои аник оид ба хукуки корпартой дар матнхои асосӣ ба мақомотхои назорати СБМ лозим омад, ки ҳаҷму мазмуни конвенсияхоро оид ба масъалаҳои корпартой муайян кунанд. Ин мақомотҳо, пеш аз хама, Кумита оид ба озодии иттиҳодияҳо ба ҳисоб мераванд, ки дар доираи тартиби махсус барои дида баромадани шикоятҳо оиди вайрон кардани озодии иттиходияхо дар асоси моддахои 19 ва 22 Оиннома таъсис дода шудаанд».
Дар худи хамин маъруза баъд аз мухтасар тавсиф кардани амалияи хукуки корпартой аз солхои 50-ум аз тарафи мақомотҳои назоратии СБМ, Кумитаи озодии иттиходияхо ва Кумитаи коршиносон, Кумитаи коршиносон чунин изхор намуд: «Бо назардошти гуфтахои боло Кумита бори дигар мавқеъи асосии худро тасдиқ мекунад, ки ҳуқуқ ба корпартоӣ натиҷаи ҷудонашавандаи ҳуқуқи созмондиҳӣ мебошад, ки бо меъёрҳои Конвенсияи № 87 ҳифз шудааст».